Путин: Ғарб кӯшиш дорад дар кишварҳои ҳамсуд қатлу куштор роҳандозӣ кунад

Раҳбари Русия мегӯяд, ки кишварҳои Ғарб талош доранд нақшаҳои барангехтани низоъҳо дар кишварҳои ИДМ-ро роҳандозӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кишварҳои Ғарб талош доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ низоъ ба вуҷуд биёранд, гуфт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо намояндагони хадамотҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
“Рақибони геополитикии мо, рақибони мо дар пайи ҳадафҳои худ ҳастанд, тавре ки чанде пеш гуфта будем. Онҳо омодаанд, ҳар касе ва ҳар кишварро зери балое гузоранд ва ин кишварро ба маркази бӯҳрон табдил диҳанд. Онҳо инқилобҳои ранга роҳандозӣ мекунанд ва қатлу кушторро ба роҳ мемонанд. Мо инро на як бору ду бор дидаам”, — гуфт Путин.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ сурат мегирад - Ғарб талош дорад ихтилофоти кӯҳнаро дубора ба вуҷуд биёрад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дархост аз Путин барои пайвастшавӣ ба Русия баъди анҷоми раъйпурсӣ
Кишвардори Русия бар он аст, ки Ғарб мехоҳад мушкилот ва бӯҳронҳои навро ба вуҷуд биёрад.
"Гегемонияи якқутбӣ аз байн меравад. Ин воқеияти объектест, ки Ғарб онро қабул надорад. Ва мо онро ҳоло хуб мушоҳида дорем", - шарҳ дод раисҷумҳури Русия.
Дар ҳамин ҳол, Путин таъкид кард, ки амнияти беруна ва суботи дохилӣ шарти аслии рушди пешрафтаи кишварҳои минтақа аст.