ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, аз вазифаи худ барканор шуд.
Ӯ як ҳафтаи қабл ба иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, фармони барканории Шавкат Бобозода имрӯз, 29 сентябри 2022, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон, имзо шудааст.
“Сухан аз озод шудани Шавкат Бобозода, аз вазифаи директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон меравад”, - гуфт манбаъ.
Барканории Шавкат Бобозода дар ҳолест, ки як ҳафта ба ин сӯ дар пайи шикояти як ширкати хориҷӣ аз сӯи Прокуратураи генералии Тоҷикистон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, вай аз ин ширкат ҳудуди 1 миллион сомониро гирифта, масъулияти худро анҷом надодааст.
Шавкат Бобозода соли 2019 директори Агентии содироти Тоҷикистон, ки нав ҳамчун як ниҳоди назди ҳукумати кишвар таъсис ёфта буд, таъин шуд. Вай қаблан вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва раиси шаҳри Чкаловски вилояти Суғд буд.