Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқоти бузурге 11 медали тилло ба даст оварданд

Варзишгарони тоҷик тавонистанд дар 11 вазн пирӯз шаванд ва дар ду вазни боқимонда намояндагони мунтахаби Ӯзбекистон ҷоиза гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба поён расид.
Дар ин мусобиқа рақобатҳо миёни мардон дар 13 вазн доир шуд.
Дар муҳорибаҳо варзишгарон аз навоҳии гуногуни кишвар, инчунин муштзанҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат карданд.
Бо нокдаун, вале бе нокаут: навори пирӯзии Яъқубов бар варзишгари аргентинӣ
Варзишгарони тоҷик тавонистанд дар 11 вазн пирӯз шаванд ва ду ҷоиза боқимонда насиби намояндагони Узбакистон гардид.
Ҳамин тариқ, соҳибони тилло инҳо буданд:
Усмонҷон Мирзоев дар вазни то 48 кг;
Меҳроҷ Ҳамидов аз тими Душанбе дар вазни то 51 кг;
Муҳаммадалӣ Ҳасанов (Суғд) то 54 кг;
Намояндаи вилояти Суғд Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кг;
Абдураҳим Ёқубов (Суғд) то 60 кг;
Баҳодур Усмонов (Душанбе) то 63,5 кг;
Абдумалик Болтаев то 74 кг;
Шаббос Негматуллоев то 80 кг;
Наврӯз Ҷафоев то 86 кг;
Чахон Гурбонов то 92 кг.
Ҳамчунин, ду варзишгари ӯзбек Сулаймон Латипов ва Бобур Юлдошев ғолиб шуданд.
Муштзани тоҷик дар Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаву тӯҳфаҳои қиматбаҳо ва кубоку медалҳо сарфароз гардонида шуданд.