Донишҷӯёни тоҷик хостанд онҳоро аз Қирғизистон ба Ватан баргардонанд

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон алакай дархости донишҷӯёни тоҷикро, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд, дастрас намудааст ва сари ин масъала кор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Зиёд аз 20 донишҷӯйи тоҷик ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар кишвар шудаанд, иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷкистон аз сафорати кишвар дар Бишкек.
Тибқи иттилои манбаъ, сафорат рӯйхати донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, омода карда истодаанд ва хоҳишмандон метавонанд, ба онҳо муроҷиат кунанд.
Барӯйхатгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба ватанашон баргарданд, аз сӯи сафорат дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳорот дар бораи афзоиши мавридҳои таъқибу табъизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни Қирғизистон нигаронӣ кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе гуфт, қисме аз заминҳои Тоҷикистонро Қирғизистон ғасб кардаст: Шарҳи вазир
ВУХ-и Тоҷикистон хабар дод, ки мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ош таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.
Вазорат гуфта буд, ки дар баробари эҳтимоли ихроҷи донишҷӯёни тоҷик ҳамчунин, фишору таъқиб, табъиз ва пулситонӣ аз тоҷикони муқими Қирғизистон низ ҷой дорад.
ВУХ-и Тоҷикистон, таъқибу таъбизи шаҳрвандони кишвар ва тоҷиктаборони Қирғизистон натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман аст ва мақомоти Қирғизистон бояд ба ин табъиз хотима бахшанд ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ амнияти дипломатҳои Тоҷикистонро таъмин намоянд.