ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ширкати мустақими Иёлоти Муттаҳида дар низоъ дар канори Украина имрӯз ошкор аст ва Вашингтон ба таври возеҳ интиқоли силоҳи марговарро ба Киев афзоиш медиҳад.
Дар ин бора сафири Русия дар ИМА дар як матлабе, ки дар маҷаллаи National Interest нашр шудааст, қайд кардааст, ки имрӯз эҳсос мешавад, ки “қувваи Русия озмуда мешавад”, хабар медиҳад.
"Онҳо мехоҳанд тафтиш кунанд, ки мо чӣ қадар сабр дорем, то ба амалҳо ва ҳамлаҳои ошкори душманона вокуниш нишон надиҳад", - гуфтааст дипломат.
Дар хақиқат, Вашингтон вазъиятро ба сӯи ҷанҷоли калони қувваҳои атомӣ тела медиҳад, ки ин оқибатҳои пешгӯинашаванда дорад.
Сафир ширкати мустақими ИМА дар амалиёти ҷангӣ дар баробари режими Киевро далели ошкор номид.
"Таъмини аслиҳаи зоҳиран марговар меафзояд. Ба Киев маълумот дода мешавад. Тарҳрезии амалиёти муштарак алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия идома дорад",- гуфт мавсуф.
Сафир инчунин ба сиёсатмадорони амрикоӣ ҳушдор дод, ки агар бовар кунанд, ки омодагии раҳбарияти Русия барои дифоъ аз Қрим ва қаламравҳое дахл надорад, ки “бар асоси баёни озодии иродаи мардум бахше аз Русия шаванд, иштибоҳ мекунанд".
Антонов ҳамчунин гуфт, ки мақомоти амрикоӣ бо "таҳдиди ҳастаии хаёлӣ" аз Русия худ ва ҷомеаи ҷаҳониро метарсонанд ва чунин гуфторҳо маънои суханони раҳбарияти Русияро таҳриф мекунад.
Ба гуфтаи дипломати рус, Вошингтон вазъро ба сӯи "бархӯрди бузургтарин қудратҳои ҳастаӣ, ки оқибатҳои пешгӯинашаванда дорад" тела медиҳад, ҳарчанд дар шартҳои истифода аз силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Маскав тағйироте ба назар нарасидааст.
Ғайр аз ин, Антонов Вашингтонро аз тасаввуроти нодурусти эҳтимолии ҷанҷоли "минтақавии" ядроӣ дар Аврупо огоҳ кард ва гуфт, ки ин корҳо равобитро ба чолиш мекашад.
Дар ҳамин ҳол, сафир изҳори умедворӣ кард, ки Русия ва Амрико бо вуҷуди ҳама мушкилот, ба вартаи низоъи ҳастаӣ афтодан наздик нашудаанд. Ба ин хотир Антонов аз Америко хост, ки таҳдидҳои зидди Маскавро бас кунад.