Вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу омодагии шаҳрвандони Русия, ки басиҷ шудаанд, дар пойгоҳи низомии ҳавзаи низомии ғарбӣ тафтиш кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Шойгу машқҳои даъватшудагонро аз силоҳи оташфишон, омодагии тактикӣ ва тиббиро шахсан аз назар гузаронд. Машқҳо ҳатто шабона низ идома доранд.
Вазири дифоъ таваҷҷуҳи махсуси фармондеҳонро ба шароити ҷойи хоб ва таъмини хӯроки гарм барои басиҷшудаҳо дар маҳалли ҷойгиршавии қисми ҳарбӣ ва ҳам дар майдони тамринӣ ҷалб намуд.
Дар тамрингоҳи низомӣ ҳамчунин ҳисоботи муовини вазири мудофиа генерал-полковник Юнусбек Евкуров ва сардори Сарраёсати омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи РФ генерал-полковник Иван Бувалтсевро дар бораи курси омодагии ҷангии басиҷҳо дар самтҳои гуногун шунида шуд.
Басиҷи нисбӣ дар Русия бо фармони президент аз 21 сентябри соли равон эълон шуд. Тавре ки қаблан Сергей Шойгу қайд карда буд, зарур аст, ки хатти тамоси 1000 километр ва манотиқи озодшуда дар Украина назорат шавад. Дар рафти сафарбаркунӣ ҳамагӣ 300 ҳазор нафар ба сафи артиш даъват шуданд, ки каме бештар аз 1% умумии захираи сарбозони артиши Русияро ташкил медиҳад.