Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дархост аз Путин барои пайвастшавӣ ба Русия баъди анҷоми раъйпурсӣ

Роҳбарони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск дар пайи дастрас кардани натиҷаи раъйдиҳӣ дар мавриди пайвастшавӣ ба Русия озими Маскав шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Роҳбари Ҷумҳурии халқии Луганск, Леонид Пасечник аз раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дархост кардааст пайвастшавии ҶХД ба ФР-ро баррасӣ кунад.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода, афзудааст, роҳбарони ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск дар пайи дастрас кардани натиҷаи раъйдиҳӣ дар мавриди пайвастшавӣ ба Русия озими Маскав шудаанд
Аз қавли Денис Пушилин, раиси Ҷумҳурии мардумии Донетск оварда шудааст, ки баъди анҷоми бархе расмиёт дар Думаи давлатию Шӯрои федератсия, ин минтақа расман ҷузъи Русия хоҳад буд.
"Мо расман ҷузъи Русия хоҳем шуд ва он гоҳ - бунёдкорӣ, рушд ва албатта ғалабаи муштараки мо. Мо воқеан ба ин ғалаба ниёз дорем - як ғалабаи умумӣ", - гуфт ӯ.
Сокинони ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск ва вилоятҳои Запорожею Херсон барои пайвастан ба Русия овоз доданд.
Эълони натиҷаи раъйдиҳӣ дар мавриди пайвастани ҷумҳуриҳои Донбассу манотиқи дигар ба Русия
Дар Донетск ин икдомро 99,23%, дар Луганск 98,42%, дар вилояти Запороже - 93,11%, ва вилояти Херсон - 87,05% тарафдорӣ карданд, хабар дод РИА "Новости". Таъкид шудаст, ки ин маълумот баъди коркарди 100 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ ироа гардид.
Қаблан Путин азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.