Набил: Мудохилоти ҳамсоягон барои Афғонистон фоҷеабор буд

Раиси пешини амнияти милии Афғонистон бо интишори посте дар Твиттер судури инқилоби исломӣ ва мудохилоти ҳамсоягон барои Афғонистонро фоҷеабор хондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раиси собиқ умуми амнияти миллии Афғонистон Раҳматулло Набил мегӯяд, мардум медонанд, ки киҳо аз судури инқилоби исломии гирифта то ирсоли таҷҳизоти низомӣ ва эҷоди паноҳгоҳҳои таълимии амн ба мухолифони давлат, ба Афғонистон ҷафо карданд.
Вай таъкид мекунад, ки "мудохилоти ҳамсоягон" барои Афғонистони фоҷеъабор буд.
Раҳматуллоҳ Набил ахиран бо интишори ёддоште дар сафҳаи твиттерии худ аз муборизоти занони Эрон бо шиори зан, зиндагӣ, озодӣ ҳимоят кард.
Ӯ гуфта буд, ки дар ҳар ду кишвар Афғонистон ва Эрон, занони пешрав ва парчамдор мубориза бо ифротияти динӣ ва мазҳабӣ ҳастанд.
Посухи толибҳо ба нигарониҳои Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона ба Тоҷикистон
Ин изҳороти оқои Набил бо вокуниши Расули Мусавӣ, дипломати аршади вазорати умури хориҷии Эрон мувоҷеҳ шудааст.
Оқои Мусавӣ дар посух ба ин изҳороти Раҳматуллоҳ Набил дар твиттераш навишта "адами шинохти душмани аслӣ ва нотавонӣ дар авлавиятбандии манофеи миллӣ далели аслии суқути режимҳои сиёсӣ дар Афғонистон аст".
Набил ин ҷумалоти Расули Мусавиро бе посух нагузоштааст. ӯ гуфтааст ки "шумо дуруст фармудед. Иштибоҳи раҳбарони сиёсии Афғонистони ҳамин буд, ки дар душманшиносӣ ва авлавиятбандии манофеи миллӣ дар меҳвари эҳсосот ва авотифе чун ҷозибаҳои дини муштарак, забони муштарак ва фарҳанги муштарак бо ҳамсоягон дучори васваса шуданд".