Ҷавондухтаре дар Душанбе хост, худро аз боми бинои 16-ошёна партояд

Амалиёти шабонаи наҷоти ҷавондухтар дар Душанбе, ки қасди худкушӣ доштааст, аз ҷониби масъулини КҲФ Тоҷикистон бо муваффақият анҷомидаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Зани ҷавоне нимаи шаби гузашта дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе аз бинои бисёрошёнае хостааст, худро ба замин андозад.
Ба иттилои КҲФ, тақрибан соати 02:39 дақиқа ба қисми навбатдории ин ниҳод маълумот ворид гардид, ки зане дар кӯчаи Сино, бинои рақами 56 таҳдид дорад, ки худро мекушад.
Таъкид шудааст, ҷавонзан дар боми бинои 16-ошиёна қарор дораду кумаки наҷотдиҳандагони КҲФ дархост карда шудааст.
"Баъди ҳозир шудан ба ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки ҷавонзан, сокини 25-солаи шаҳри Бохтар мебошад, ки дар лаби боми бино истода касеро наздик омадан намемонаду таҳдиди худкушӣ дорад", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки равошиноси гуруҳи наҷотдиҳӣ бо духтар суҳбат ороста таваҷҷуҳашро тарафи худ кашид ва гуруҳи дигар тавонистаанд ӯро аз лаби бом канор баранд.
Бар асоси иттилои аввалия, сабаби ин кор нофаҳмиҳои оилавӣ будаанд, аммо дақиқан ин ҳолатро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон бештар занони вилояти Суғд худкушӣ мекунанд. Чаро?
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон тайи ним соли аввали соли равон 108 ҳолати худкушии занон сабт шудааст. Бар асоси омори ироашуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50 ҳолат камтар аст.