ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Сокинони ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск ва вилоятҳои Запорожею Херсон барои пайвастан ба Русия овоз доданд.
Дар Донетск ин икдомро 99,23%, дар Луганск 98,42%, дар вилояти Запороже - 93,11%, ва вилояти Херсон - 87,05% тарафдорӣ карданд, хабар дод РИА "Новости". Таъкид шудаст, ки ин маълумот баъди коркарди 100 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ ироа гардид.
Зикр гардидаст, ки дар рафти раъйпурсӣ ягон қонуншикании дағал ва ё эроде ба қайд гирифта нашудааст.
Дар мавриди ҳузури интихоботкунандагон таъкид гардидаст, ки зимни раъйпурсӣ дар ҷумҳурии Донетск - 97,51%, Луганск - 92,6%, Запороже - 85,4% ва дар вилояти Херсон 76,86%-и маҷмуи умумии интихобкунандагон овози худро додаанд.
Қаблан палатаҳои ҷамъиятии ҶХД ва ҶХЛ аз роҳбарони кишварҳояшон баргузории раъйпурсӣ барои пайвастшавӣ ба ҳайати Русияро дархост карда буданд ва рӯзҳои 23 то 27 сентябр замони баргузории ҳамапурсӣ таъйин шуд.
Аз натиҷаи ин ҳамапурсӣ интизор меравад, ки 28 сентябр роҳбарони ҷумҳурию вилоятҳои зикршуда барои пайвастан ба Русия ба раисҷумҳур Владимир Путин муроҷиат намоянд.
Қаблан Путин азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.