Путин гуфт, ҳосили ғалла рекордӣ мешавад

Раисиҷумҳури Русия ҳосили ғаллаеро, ки соли равон аз майдонҳои кишт ҷамъоварӣ мегардад, рекордӣ унвон карда, афзуд чунин миқдор дар таърихи кишвар ҷам нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Ҳосили ғалладона дар Русия дар назар аст, ки ба ҳадди рекордӣ - 150 млн тонна расад, ки аз ин 100 млн-ашро гандум ташкил медиҳад.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни ҷаласа дар масъалаи раванди корҳои саҳроӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир 138,7 млн тон ғалла ба даст оварда шуда, мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дорад.
Вай таъкид кард, ки ҳосили интизорӣ дар Русия рекордӣ буда, ҳеч гоҳ дар кишвар чунин миқдор ҷамъоварӣ нашудааст.
Нони якуму дуюм: Тоҷикистон ҳосили ғаллаю картошкаашро эълон кард
Владимир Путин бо ироаи ин омор афзуд, ки дар вазъи мураккаби феълӣ Русия комилан талаботашро бо маҳсулоти калидии ғизоӣ таъмин мекунад.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки интиқоли ғалла ва нуриҳои Русия ба хориҷа чун пештара ба далели таҳримҳо мушкил аст. Ба гуфтаи раисҷумҳур, таҳримҳо барои содироти ғалла ва нуриҳои Русия ба бӯҳрони ҷаҳонии озуқа таҳдид мекунанд, ки масъулияти ин ба дӯши Ғарб аст.
Русия қаблан эълон дошта буд, ки то охири сол ба кишварҳои ниёзманд метавонад 30 млн тонна ғалла содир кунад ва дар сурати зарурат иловагӣ метавонад онро то 50 млн тонна расонад.