Маросими давлатии дафни Абэ дар Ҷопон - видео

Дафн дар сатҳи давлатӣ дар Ҷопон бори аввал аз соли 1967 ба ин сӯ гузаронда шуд. Барои видоъ бо сарвазири пешин ҳазорҳо нафар ҳузур доштанд
Sputnik
Маросими давлатии дафни сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ дар Маркази варзишӣ ва ҳунарии Ниппон Будокан дар маркази шаҳри Токио баргузор шуд, ки пахши мустақими онро қариб тамоми шабакаҳои кишвар ироа мекунанд.
Ба гузориши расмӣ, дар маросими дафн ҳудуди 4,5 ҳазор нафар, аз ҷумла 34 сарвари давлатҳо ва 14 сарони собиқи кишвар ширкат доштанд.
Дар маросим намояндагони оилаи императорӣ, аз ҷумла валиаҳд Акисино ва ҳамсараш низ ҳузур доштанд.
Пас аз иҷрои суруди миллӣ, дақиқаи сукут ва гузари қаровули фахрӣ дар экранҳои насбшуда навори лаҳзаҳои ҷолибтарини фаъолияти сиёсии Абэ намоиш дода шуд.
Ҷопониҳо барои видоъ бо Синдзо Абэ навбатпоӣ мекунанд - видео
Фумио Кишида, нахуствазири кунунии Ҷопон, дар суханронии хайрбодии худ аз нуктаҳои барҷастаи тарҷумаи ҳоли Абэ, аз ҷумла фаъолияти ӯ ба ҳайси дипломат ёдовар шуд.
Ин маросим дар пасманзари як маъракаи эътирозӣ баргузор шуд. Садҳо нафар ба кӯчаҳои Токио баромада, ба далели пурхарҷ буданаш талаб карданд, ки маросими дафни давлатии Абэ лағв карда шавад.
Синдзо Абэи дар синни 67-солагӣ рӯзи 8 июли соли равон ҳангоми гирдиҳамоии интихоботӣ дар шаҳри Нара аз сӯи ҳамлагар Тесуя Ямагами кушта шуд.
Давраи Синдзо Абэ дар мақоми нахуствазирӣ тӯлонитарин дар таърихи Ҷопон буд - ҳашт солу ҳашт моҳ, сиёсатмадор аз ҷумла ҳалли масъалаҳои қаламравӣ ва бастани шартномаи сулҳ бо Русияро ҳадафи худ қарор додааст.