ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ 3 медали тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҷамъбасти қаҳрамонии кушоди Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуд, иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз 9 давлат, аз ҷумла 15 нафар Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов иштирок доштанд.
Кумитаи миллии олимпӣ изҳор дошт, ки дар дав ба масофаи 200 метр миёни мардҳо се ҷои ифтихориро варзишгарони тоҷик сазовор шуданд.
Кумитаи миллии олимпӣ изҳор дошт, ки дар дав ба масофаи 200 метр миёни мардҳо се ҷои ифтихориро варзишгарони тоҷик сазовор шуданд.
"Фаворис Музрапов бо натиҷаи 21.75 сония ҷои аввал, Илдар Аҳмадиев бо натиҷаи 21.97 сония ҷои дуюм ва Александр Пронженко бо натиҷаи 22.17 сония ҷои сеюмро гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.73 метр ва тими мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.50 медали тило ба даст оварданд.
Леонид Пронженко дар дав ба масофаи 110 метр бо монеа бо натиҷаи 15.29 медали нуқраро соҳиб шуд.
Леонид Пронженко дар дав ба масофаи 110 метр бо монеа бо натиҷаи 15.29 медали нуқраро соҳиб шуд.
Тими мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр бо натиҷаи 3:20.42инчунин Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар дав ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 9:44.32 медали биринҷӣ ба даст оварданд, таъкид намуд Кумитаи миллӣ.