ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Вазорати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод эълон кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ.
Тибқи иттилои вазорат ярмаркаҳо баро корҷўён санаи 27 сентябри соли равон дар назди мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хоруғи ВМКБ, бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи А.Маҳмудҷони шаҳри Бохтар, бинои Маркази ҷавонони маҳаллаи С. Сафарови шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузр мегардад.
Дар пойтахти кишвр чунин ярмарка дар гулгашти хиёбони Рўдакӣ 10 (дар назди маркази савдои Садбарг) шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ширкатҳои пудратчии ҶСК “НБО Роғун” иштирок хоҳанд кард.
Таъкид шудааст, ки музди маош шартномавӣ буда, аз 2700 то 4500 сомониро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки ҳар хоҳишманд метавонанд барои дарёфти ҷойи кори муносиб дар ин ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод иштирок намоянд.