Ҷабҳа: толибон раҳбарони гурӯҳои террористии хориҷиро дар шимолу шарқ мустақар карданд

Ин дар ҳолест, ки ахиран кишварҳои Тоҷикистон ва Покистон аз ҳузур ва таҷаммӯи густардаи террористон дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Толибони 16 узви раёсати гурӯҳҳои ҳаросафканро дар вилоятҳои шимолу шарқи кишвар мустақар кардаанд, хабар дод Sputnik Афғонистон бо такя ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.
“Ҳоҷӣ Фарқон, раҳбари ҷумбиши исломии туркистони шарқӣ, мавлавӣ Иброҳим, масъули ҷамоати Ансоуллоҳи* Тоҷикистон, шайх Зокир масъули таҳрики исломии Ӯзбекистон ва Абдулҳақ уйғурӣ, масъули шохаи Алқоида* дар шимоли кишвар, ахиран ба Кобул омаданд ва дар сараки 11 вазири Акбархон дар ҳоҷӣ Афзал, ки дар ихтиёри шабакаи Ҳаққонӣ қарор дорад, се рӯзро сипарӣ карданд”, - иттилоъ додааст ҷабҳаи муқовимат.
Ба гуфтаи ҷабҳаи муқовимат ин раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ бо Сироҷиддини Ҳаққонӣ, вазири дохилаи толибон дидор карда ва тавофуқ кардаанд ки то шаш моҳи ояндаи 50 дарсад аз тамоми ҷангҷӯёни хориҷӣ ба Осиёи миёна эъзом шаванд.
Нигаронии Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Барбанёд Файсал, қарор аст шумори зиёде аз ҷангҷӯён аз кишварҳои араби ва кишварҳои минтақа вориди хок Афғонистон шаванд.
Мавлавӣ Иброҳими тоҷик аз сӯйи шабакаи Ҳаққонӣ масъули умумии шабакаи ҷангҷӯёни хориҷӣ таъйин шудааст.
Ахирани Тоҷикистону Покистон аз ҳузуру таҷаммуъи густардаи террористон дар Афғонистони иброз нигаронӣ кардаанд.
* - Гурӯҳҳои террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия