ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тоҷикистон бори нахуст барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал барои солҳои 2028 - 2029 номзадии худро пешбарӣ менамояд.
Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён дошт.
"Тоҷикистон ҷиддан муътақид бар он аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре дошта бошанд, то ҷиҳати дарёфти роҳҳалҳо барои масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният саҳмгузор бошанд", - афзуд ӯ.
Дар зимн дипломат аз ҳиссагузориҳои бисёрсола дар чандҷанбагароӣ, таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон зикр кардаст.
Бо назардошти ин омилҳо Тоҷикистон хостори узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милал барои солҳои 2028 - 2029 шуда, омодагияшро барои ҳамкорӣ бо дигар аъзои созмон баён доштаст.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳори умед кардаст, ки эътимод ва дастгирии заруриро барои ин корзор ба даст меоранд.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки вокуниш ба таҳдиди афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ бояд фарогир бошад.
Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои амнияти СММ аз аъзои доимӣ ва ғайридоимӣ иборат мебоошад. Аъзои доимӣ Чин, Русия, Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Фаронса мебошанд.