ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Синни даъвати ҳарбии хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, метавонад то 45-50 сол боло бурда шавад.
Чунин пешниҳодро роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди раисҷумҳури Русия, Валерий Фадеев дар саҳифаи шахсии худ дар "Telegram" ироа кардааст.
"Яке аз даъвоҳое, ки зиёд шунида мешавад, ба муҳоҷирони корӣ ва дигар шаҳрвандоне дахл дорад, ки ба Русия омада, шаҳрвандӣ гирифтаанд. Тибқи қонунгузории амалкунанда, агар аз 27-сола боло бошанд, онҳо набояд ба хидмати ҳарбӣ даъват карда шаванд ва аз ин рӯ наметавонанд ихтисоси харбӣ гиранду вориди нерӯҳои захиравӣ шаванд", - гуфт ӯ.
Фадеев ба таҷрибаи давлати Исроил ишора кард, ки дар он ҷо ба шаҳрвандони ҷадид як сол барои будубош дар ҷои нав муҳлат дода мешавад ва сипас новобаста аз сол ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.
Раҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон қайд кард, ки дар мавриди ин ташаббус ба зудӣ бо кумитаҳои дахлдори Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия ва инчунин бо Сарраёсати ҳуқуқии Вазорати дифоъ машварат хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран парлумони Русия аз дарёфти шаҳрвандии кишвар ба шеваи осон барои хориҷиён пуштибонӣ кард.
Бар асоси ин санад, раванди шаҳрвандигирӣ барои хориҷиёне содаю тезонда хоҳад шуд, ки барои хидмати ҳарбӣ дар Русия қарордод мебанданд.
Дар ин сурат муҳоҷирон метавонанд бидуни пешниҳоди санади иҷозаи иқомат ва бидуни ҳузури бетанаффуси 5-сола дар қаламрави Русия барои дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.