Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров: Маскав музокира бо Киевро рад намекунад

Вазири умури хориҷии Русия даъват кард, ки ба эҷоди чунин тасаввур, ки гӯиё Маскав аз музокирот бо Киев худдорӣ карда истодааст, поён дода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Русия музокирот бо Украинаро рад накарда истодааст, изҳор дошт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии ФР.
Ӯ изҳор дошт, ки дар зимн ҳар қадаре музокирот ба таъхир андохта шавад, ҳамон қадар ҳосил шудани тавофуқот мушкилтар хоҳад буд.
Ба гуфтаи Лавров гуруҳи миёнаравҳо, аз ҷумла аз созмонҳои байналмилалӣ фаъолият доранд ва аллакай Маскав борҳо изҳор дошт, ки раванди гуфтушунидро ҷониби Украина қатъ кард.
"Мо аз гуфтушунид сарпечӣ накарда истодаем, аммо онҳое, ки рад карда истодаанд, бояд бидонанд, ки ҳар қадаре худдорӣ намоянд, ҳамон қадар дар ниҳоят ҳосил шудани тавофуқот мушилтар хоҳад буд", - таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Лавров гуфт, Киев санади таҳияшуда бар пояи усули баёндоштаашро аз ҷониби Маскав гирифт, аммо дигар садояш шунида намешавад.
Вай зикр намуд, ки дар оғози амалиёти низомии Русия, ҷониби Украина хостори музокирот шуд ва Маскав онро пазируфт.
"Даврҳои аввали гуфтушунид, ки дар Белорус баргузор шуданд, адами хоҳиши ҷониби Украина барои баррасии чизи ҷиддиеро ошкор кард. Мо арзёбиҳои худро ба онҳо расондему изҳор доштем, ки агар ҷиддӣ коре мехоҳед, чизе рӯи коғаз пешниҳодамон кунед, то фаҳмем, ки чӣ созишҳоро баррасӣ кардан мехоҳед", - гуфта буд ӯ.
Слутский шарти музокирот бо Украинаро гуфт
Вай афзуд, ки ҷониби Украина дар шакли хаттӣ усулҳои худро пешниҳод кард, ки тарафи Русия аз онҳо ҷонибдорӣ намуд. Маскав ба гуфтаи Лавров изҳори омодагӣ кард, ки дар заминаҳои пешниҳодшуда созишнома баста шавад.
"Мо ба онҳо санаде додем, ки бо такя ба мантиқи онҳо таҳия шуда буд. 15 апрел чунин санад дар онҳо пайдо шуд ва аз он вақт инҷониб ҳеч садое аз онҳо шунида намешавад", - гуфт дипломат.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.