ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон қарзи ташкилоту идораҳо, аҳолӣ, корхонаҳо ва дигар муштариён аз ҳаққи истифодаи барқ ба 52, 8 миллион сомонӣ расидааст, ки миёни онҳо ҳукумати ноҳия низ ҳаст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”
Тавре Сафархон Ғуломов, роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи ноҳияи Вахш, хабар додааст, аз 52,8 миллион қарзи барқ 25,2 миллион қарзи аҳолӣ, 1,1 миллион қарзи корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва боқӣ аз дигар муштариён мебошад.
Ба иттилои ӯ, аз ҳама қарзи бештар дар Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 3,6 миллион сомонӣ, Беморхонаи марказӣ 172,9 ҳазор сомонӣ, ҳукумати ноҳия 68, 1 ҳазор сомонӣ аст.
Ҳамзамон вай илова кардаст, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳукумати ноҳия танҳо барои истифодаи барқ 2 ҳазор сомонӣ пардохт шудасту халос, аммо дар ҳашт моҳ ҳукумати ноҳия беш аз 18,5 ҳазор сомонӣ барқ истифода кардааст.
“Масъулони ташкилоту идораҳои қарздор бояд дар пардохти маблағи барқ саҳлангори накунанду саривақт маблағи барқи истифодакардашонро супоранд”, -гуфт Сафархон Ғуломов