ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Вазири хориҷаи Қатар дар ҳошияи 77-мин нишасти Маҷмаъи умумии СММ ба “Давҳа ниюз” гуфтааст, ки Қатар ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ машварат додааст то тарҳе барои ояндаи Афғонистон танзим кунем, иттилоъ додааст “ToloNews”.
Ӯ афзудааст, ки нигарони афзоиши буҳрони башарӣ, иқтисодӣ ва фаъолиятҳои гуруҳҳои ҳаросафкан дар Афғонистон аст.
Шайх Муҳамад Бен Абдурраҳмони Оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар гуфтааст: “то кунун ҳеҷ роҳ барои Афғонистон равшан нест.
Машварати мо ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин аст ки ниёз ба эҷоди як тарҳ барои ҷилав рафтан аст ва ин ки шароит барои мақомҳои кунунӣ кадомҳо ҳастанд ва мо ба унвони ҷомеъа ҷаҳонӣ метавонем онро фароҳам бисозем, аммо дар набуди як нақшаи роҳ фикр мекунам авзоъ дар Афғонистон нигаронкунанда хоҳад монад мо гувоҳи афзоиши буҳрони башарӣ, иқтисодӣ будаем".
Шуморӣ аз огоҳон ба ин бовар ҳастанд, ки ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳукуматҳои ғарбӣ барои риояти ҳуқуқи башар дар Афғонистон бар толибон фишор меоваранд.
Пеш аз ин масълони толибон хостаҳои ҷомеъаи ҷаҳониро дар бораи ташкили ҳукумати ҳамаи шумул ва фароҳам кардани заминаи омӯзиш ва кор бар бонувони мудохила дар масойили дохилӣ Афғонистон гуфтаанд.