ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Душанбе 400 адад автобусҳои истеҳсоли муштараки Туркия ва Тоҷикистон ба сокинон хизмат мерасонанд, иттилоъ додааст масъули ширкати “AKIA” дар Душанбе Сулаймон Туналӣ дар суҳбат бо агентии “Анадолу”.
Вай гуфт ин 400 автобуси бо сармоягузории муштараки Туркия ва Тоҷикистон истеҳсолшуда дар Душанбе хидматрасонии дохилишаҳрӣ ба мардум пешкаш менамоянд.
Инчунин Сулаймон Туналӣ илова кард, ки соли 2017 ҷониби Туркия барои Тоҷикистон ҳудуди 200 автобус истеҳсол кард ва соли 2018 дар шаҳри Душанбе санги асоси корхона гузошта шуд.
Ба иттилои номбурда, то ҳол барои Душанбе дар маҷмуъ 400 автобус, аз ҷумла 200 адад дар Туркия ва 200 тои дигар дар пойтахти Тоҷикистон, истеҳсол карда шудаанд.
Сулаймон Туналӣ бо ишора ба истеҳсоли автобусҳои барқӣ ва троллейбусҳо гуфт, ки бо ҳамсояҳои наздики Тоҷикистон музокира анҷом дода, дар мавриди фурӯши автобусҳо ба онҳо корро идома медиҳанд.
Ӯ зикр кард, ки истеҳсоли автобусҳои фармоишии вилоятҳои Суғду Хатлон, ки рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад, идома дорад.