ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳамапурсӣ дар ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, ҳамчунин дар вилоятҳои Запороже ва Херсон оғоз шуд.
"Соати 8:00 ба вақти Маскав раъйпурсӣ оид ба пайвастан ба Федератсияи Русия ба ҳайси субъект дар ҷумҳурии халқии Донетск оғоз шуд", - хабар дод РИА "Новости" аз қавли раиси Комиссияи марказии интихоботи ҶХД, Владимир Висотский.
Раиси Донетск Денис Пушилин дар муроҷиаташ ба сокинони ҷумҳурӣ ҳамапурсиро "марҳилаи таърихӣ" номид.
"Баргузории раъйпурсӣ як марҳалаи таърихӣ аст. На танҳо барои он ки мо ба натиҷаи мусбати он боварӣ дорем, балки аз он сабаб аст, ки ин авҷи роҳи умумии мушкили мост. Аввал давлати соҳибистиқлол шудем, баъдан ба эътирофи ҷумҳурӣ ноил гардидем ва инак - қадами сеюм пайвастшавӣ ба Русия аст", - гуфт ӯ.
Қаблан палатаҳои ҷамъиятии ҶХД ва ҶХЛ аз роҳбарони кишварҳояшон баргузории раъйпурсӣ барои пайвастшавӣ ба ҳайати Русияро дархост карда буданд ва рӯзҳои 23 то 27 сентябр замони баргузории ҳамапурсӣ таъйин шуд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.