Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сафир дар Ӯзбекистон гуфт, чаро ҷои дӯстии тоҷикону қирғизҳо дар марзро душманӣ гирифт

Бишкек ба ҷои сиёҳ кардани ҷониби Душанбе ба пайдо кардани роҳи ҳалли мушкил аз тариқи муколама пардозад, изҳор дошт сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Танҳо бо роҳи гуфтушунид Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд масъалаи ниҳоят нозуки марзро ҳал намоянд ва хати сарҳадҳои ҳамдиггарро дуруст муайян намоянд.
Ин нуктаро хабаргузории "Ховар" аз қавли Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баён доштаст.
Ӯ мавқеъгирии феълии Бишкекро, ки ба душмантарошӣ аз тоҷикҳо машғул аст, интиқод карда, таъкид намуд, ки ҳукумати қирғиз зери шиори "дузди зӯр соҳиби говро бастааст" амал мекунад.
Вай зикр намудаст, ки то ду даҳсола пеш ду халқ дар ҳамзистӣ умр ба сар бурда, ба ҳамдигар кумак мекарданд, аз бозорҳои ҳамдигар истифода менамуданд, роҳҳоро муштарак бунёд ва таъмир мекарданд, чорабиниҳои фарҳангӣ мегузарониданд.
Расулзода ба марз фотиҳахонӣ рафту паёми Раҳмонро расонд - акс
"Бо иллати сиёсати яктарафаи роҳбарони имрӯзаи Қирғизистон мардуми осоишта, ки дар фазои дӯстиву ҳамсоягӣ умр ба сар мебурданд, тайи чанд соли охир аст, ки ба душманони ҳақиқӣ табдил ёфта истодаанд, дар пайи озори ҳамдигар талош доранд ва рақиби ҳамдигар гардидаанд", - изҳор дошт ӯ.
Дар мавриди даргирии ахири марзӣ, ки садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузошт, Раҳмонзода изҳор доштаст, "ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳӣ ёфтанд, ки аввал тирпаррониро қирғизҳо шуруъ намуданд ва баъд ҷанг сурат гирифт".
Вай аз ҳукумати кишвари ҳамсоя даъват намудаст, ки бо роҳи осоишта сари музокирот нишинад ва масъалаҳои ҳудудиву марзиро дар асоси сарчашмаҳои таърихиву ҳуҷҷатҳои мавҷуда ҳал намояд ва ба ҷангу ҷидол ва хонасӯзиву хонавайронкунӣ хотима бахшад.