ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳудуди 20 шаҳрванди Қирғизистон дар барангехтани кинаю адовати миллӣ айбдор мешаванд, хабар дод Вазорати умури дохилии ҶҚ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи муттаҳамон ба паҳн кардани маълумоти моҷарозо дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул буданд, ки ба ангехтани низои қавмӣ равона шуда буд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар таъкид намудаанд, ки бархе аз афрод дидаву дониста муроҷиатномаҳое навиштаанд, ки боиси барангехтани адовати миллӣ мешаванд.
Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳои барангезандаи кинаву адовати миллӣ зиёд нашр мешавад, омадааст дар иттилоия.
"Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандони дар боло зикршударо муайян карда, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ супурданд, айни замон тафтишот идома дорад", - омадааст дар хабар.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ёдовар шуд, ки чунин амалҳо тибқи моддаи 330-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ оид ба барангехтани кинаю адовати нажодӣ, этникӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва байниминтақавӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ҷазо ҷарима ё маҳрумият аз озодиро ба мӯҳлати то панҷ сол дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз чанд далели таъқибу табъизи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва тоҷикони муқими Қирғизистон хабар дода буд. Аммо ҷониби Бишкек ин иттилоъро рад карда буд.