ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Белорус интизор дорад, ки соли 2023 дар Ҳиндустон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пазируфта хоҳад шуд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, изҳор дошта, таъкид намуд, ки дастурот дар ин бора аллакай ироа шуданд.
"Ҷаласаи оянда дар Ҳиндустон баргузор мешавад. Ман аллакай ҳадаф гузоштаам, ки мо ин роҳро давоми як сол тай кунем", - овардааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Белорус аз қавли Лукашенко.
Санад дар мавриди оғози пайвастшавии Белорус ба СҲШ ахиран зимни ҷаласаи роҳбарони ин созмон дар Самарқанд имзо шуд.
Дар баробари ин дар Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум барои узвияти комили Эрон дар ин созмон имзо гардид.
Инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълон намуд, ки азм дорад, ба СҲШ бипайвандад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.