ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар бораи сиёсати таъқибу таҳдиди тоҷикистониён дар Қирғизистон вокуниш нишон додааст.
ВУХ-и Тоҷикистонро ҳалатҳои дар қаламрави Қирғизистон мавриди таъқибу таҳдид ва табъизу зулм қарор гирифтани тоҷиктаборон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзҳои охир тамоюли афзоиш пайдо кардааст, нигарон кардааст.
Ба иттилои вазорат 14 сентябри соли 2022 мағозаҳои тоҷикони муқими ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд аз ҷониби мақомоти маҳалӣ баста шуданд.
Ҳамчунин, шарҳвандоне, ки аз минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон кучонида шуда буданд, барқасдона дар хонаҳои истиқоматии тоҷиктаборони ноҳияи мазкур ҷой карда шуданд.
Инчунин ба иттилои манбаъ 18 сентябри соли 2022 кормандони Раёсати КДАМ-и ноҳияи Ленини ш.Бишкек бо баҳонаи санҷиши нақшавии ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои оилаи Негматовҳо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақсади иҷборан аз қаламрави Қирғизистон берун кардан, тасарруф намуданд.
Дигар шаҳрванди Тоҷикистон Ҳамдамов Амонбой, ки муваққатан дар шаҳри Бишкек истиқомат мекунад шахсони номаълум оинаҳои мошинашро шикаста, ба он ранг пошиданд.
Ин ҳам дра ҳолест, ки дар вилояти Ош миллатгароён рӯзноманигоре, ки миллаташ тоҷик будааст латукӯб намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон аз Ҳукумати Қирғизистон талаб кардааст, ки барои роҳ надодан ба табъиз нисбат ба тоҷиктабарон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, чораҳои таъхирнопазир андешад.
Гуфта шудааст, ки ҳодисаҳои дар Қирғизистон бавуқӯъомада ба муқаррароти Изҳороти муштараки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Чолпон-Ота 21 июли соли 2022), аз ҷумла ба банди 25-уми санади мазкур, ки дар он “зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз қабили нафароне, ки муваққатан ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ва таъмини кумаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ ба онҳо” дарҷ шуда, аз ҷониби Президенти Қирғизистон низ қабул гардидааст, қатъиян мухолифат мекунанд.