ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон пешниҳоди ҳазфи ҷашни Рӯзи президентро аз рӯйхати идҳои ин кишварро пазируфта шуд.
Дар ин бора лоиҳаи Қонун "Дар бораи тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон ва фарҳанг" тағйирот ворид ва аз ҷониби вакилони порлумони ин кишвар қабул гардид.
Рӯзи аввалин президенти дар Қазоқистон аз соли 2012 ҷашн гирифта мешуд.
Ин ба ифтихори хидматҳои нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки тайи 30 сол дар сари қудрат буд, ӣахшида шуда буд.
Ба ҷои он ҳамакнун дар ин кишвар 25 октябр, иди миллӣ - Рӯзи ҷумҳурӣ эълон шудааст.
"Истиқлолияти кишвари мо аз ин сана сар мешавад", - гуфт Сенатор Манулен Ашимбоев.
Қаблан раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ пешниҳод кард, ки мақоми ҷашни миллӣ ба Рӯзи ҷумҳурӣ, ки қаблан 25 октябр таҷлил мешуд, баргардонида шавад.
Қаблан дар ин кишвар исми пойтахтро, ки ба ифтихори президенти аввал Нурсултон гузошта буданд, боз ба аслаш Остона баргардониданд.