Маълум шуд, ки кортҳои "Мир"-и Русия дар кадом бонкҳои Тоҷикистон корбурд мешавад

Корти пардохтии Русия "Мир" дар банкоматҳо ва терминалҳои ду ташкилоти қарзии Тоҷикистон бидуни маҳдудият фаъолият мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Кортҳои низоми пардохтии Русия "Мир" дар қаламрави Тоҷикистон ба кори худ идома медиҳанд. Онҳо дар ду бонк – кассаи давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ва “Душанбе Сити Банк"фаъолият доранд.
Ба гуфтаи раҳбари дафтари матбуоти Бонки давлатӣ Дилафрӯз Раҳматова, маблағ аз кортҳои "Мир" бо пули миллӣ – сомонӣ муомилот мешавад.
"Кортҳои низоми пардохтии русии "Мир", ки дар Русия ва кишварҳои шарик дастраси истифодабарандагон шудаанд, дар Тоҷикистон кор мекунанд", - тасдиқ кард ҳамсуҳбати ТАСС.
Ба гуфтаи вай, аз Тоҷикистон тавассути замимаи "АмонатМобайл" ва аз Русия тавассути ҳама гуна замимаи мобилии бонкҳои мухталифи Русия пул ба корти "Мир" интиқол додан мумкин аст.
Тақвияти ҳамкориҳои “МТС-банк”-и Русия бо "Амонатбонк"
Раҳматова инчунин гуфт, ки аз сентябри соли 2022, "Амонатбонк" пешниҳоди кортҳои интиқоли миллии системаи пардохти миллии "Корти миллиро" бо имконияти корбурд дар Русия ва шарикон оғоз кард.
Ёдрас мешавем, ки "Абонатбонк" бузургтарин бонки давлатӣ дар кишвар буда, дар сохтори он 75 филиал ва зиёда аз 500 маркази хизматрасонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад.