Тасмими Эрону Русия барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар пасманзари таҳримҳо

Мақомоти Эрон аз оғози музокироти ҳайатҳои тиҷорӣ Русия дар Теҳрон хабар дод. Мақомот мгӯяд ҳадафи он боло бурдани равобити иқтисодӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Умеди Қолибоф, сухангӯи Вазорати санъату маъдан ва тиҷорати Эрон ахиран гуфт, 65 ширкати русӣ дар қолаби ҳайати 100 нафара музокироти худро аз ахиран дар Теҳрон оғоз карданд.
Бар асоси барномарезии суратгирифта фаъолони иқтисодии Эрон дар муддати 3 рӯз ҳузури ҳайатҳои тиҷорӣ Русия дар Теҳрон дар маҷмуъ 750 ҷаласаи тиҷорӣ бо намояндагони ширкатҳои русӣ баргузор хоҳанд кард.
Фаъолияти ширкатҳои русӣ дар ин ҳайатҳои тиҷорӣ шомили саноати ғизоӣ ва кишоварзӣ (ғалот), ширини шоколот, таҷҳизоти саноати ғизоӣ ва кишоварзӣ, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, шиша ва булур, саноати филезот, системаҳои мухобироти ва родиои, энержи ва бозёфта аст.
Худравҳои нисбатан арзони Эрон ба бозори Русия роҳ меёбанд
Мақомоти ду кишвар барои таҳкими равобит ба вижа дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, транзит ва ҳамчунин ҳамкориҳои чандҷониба ва минтақавӣ ҳамонанди Созмони Ҳамкории Шанхай ва БРИКС талош дорад. Мақомоти ду кишвар дар ҳоли густариши таҳримҳо бар зидди ду кишвар ва фишорҳои иқтисодии ғарб маҷбур шудаанд роҳҳои густариши амкориро пайдо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран дар дидор бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ӯзбекистон аз вуруди ин ҳайатҳои тиҷорӣ ба Теҳрон хабар дода буд.