ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Артиши Украина давоми шабонарӯзи охир беш аз 75 нафарро аз даст дод, изҳор доштанд мақомоти Донетску Луганск.
Милисаи мардумии Ҷумҳурии халқии Донетск дар саҳифааш дар "Telegram" хабар додаст, ки давоми шабонарӯзи охир 35 нафар кушта шуда, 2 дастгоҳи артиллерӣ ва танк нобуд карда шуданд.
Нерӯҳои Луганск аз нобудсозии 40 нафар ҳайати шахсии нерӯҳои Украина ва 2 танк, 4 зиреҳпӯш ва 6 техникаи автомобилии махсус хабар доданд.
Дар зимн Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, ахиран талафоти ҷониби Украинаро қариб нисфи артиш арзёбӣ намуд.
"Ҳалокшудаҳо беш аз 61,2 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳудуди 49,3 ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд", - гуфт Шойгу дар мавриди талафоти Украина.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки беш аз 2 ҳазор ҷангиёни хориҷӣ дар Украина нобуд шуда, феълан ҳудуди як ҳазор нафари онҳо боқӣ мондааст. Боқӣ ҳама кушта, ё тарки кишвар карданд, гуфт Шойгу.
Вай таъкид намуд, ки Русия на танҳо алайҳи Украина мубориза мебарад, балки зидди таҷаммӯи ғарбӣ истодаст. Амалан дар Киев ҳайати фармондеҳии ғарбӣ, беш аз 150 мутахассис қарор доранд, иттилоъ дод ӯ.
Талафоти Русия дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Донбасс ва Украина феълан 6 ҳазору 937 нафарро ташкил медиҳад, изҳор дошт Шойгу.