ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Артиши Русия амалиёти вижаи низомиро дар Донбасс ва Украина то анҷоми тамоми ҳадафҳо идома хоҳад дод, гуфт Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати дифоъ.
"Нахуст, дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ мегӯям. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия озодсозии қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Донетскро идома медиҳанд", - гуфт Шойгу.
"Тамоми кушишҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина барои ҳамла дар самти Николаев-Кривой Рог ҷилавгирӣ карда шуд. <…> Барои таҳкими иқтидори зарбаҳои нерӯҳои Русия дар Донбасс гурӯҳи низомиёни аз Изюм-Балаклея интиқол дода шуд", - гуфт вазир.
"Артиши Русия амалиёти вижаи низомиро то анҷоми тамоми ҳадафҳоеро, ки назди мо сарфармондеҳ гузоштааст, идома хоҳад дод", - афзуд Сергей Шойгу вазири дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.