ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар доираи сафарбарсозии қисмӣ 300 ҳазор нафар аз нерӯҳои захиравӣ ба артиш ҷалб хоҳанд шуд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия хабар дода, афзуд, ки донишҷӯён ҷалб нахоҳанд шуд ва ҳамчунин сарбозоне, ки тибқи даъват ба хидмати ҳарбӣ ҷалб гардидаанд, ба минтақаи амалиёт фиристода нахоҳанд шуд.
Дар мавриди зарурати сафарбарсозии қисмӣ Шойгу гуфт, ки беш аз як ҳазор километр хатти баҳамоӣ мавҷуд аст, ки онро устувор кардан даркор ва барои ин чораандешӣ мешавад.
Фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба доранд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳанд буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.