ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни муроҷиаташ ба мардум иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба дорад.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳад буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Вай зарурати ин иқдомро ба таъмини амнияти ватану шаҳрвандон рабт дода, афзуд, ки феълан алайҳи ғарб мубориза рафта истодааст. Ӯ аз ҷумла таъминоти Украинаро бо аслиҳаи муосир зикр карда, таъкид намуд, ки бо тамоми васоил маълумоти истихборотиро ҷамъ меоранду пешниҳод мекунанд.
Путин инчунин зарбаи нерӯҳои украинӣ ба қисматҳои марзиро қайд карда, гуфт, Ғарб Киевро тела дода истодааст, ки даргирии мусаллаҳона ба қаламрави Русия интиқол дода шавад.
Вай дар хитоб ба бадхоҳон гуфт, Русия айн ҳол низ чун пештара онҳоеро, ки ба фармонравоии ҷаҳонӣ талош мекунанду ба таҷзияи кишвар талош доранд, боз хоҳад дошт.