Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Пинҳонсозии аслиҳа ва парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон: ҳушдори Душанбе

Душанбе ҳушдор додаст, ки идомаи моҷароҷӯӣ ва фиребкориҳои ҷониби Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистонро чун омодагӣ ба ҳамлаи навбатӣ баҳо медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон аслиҳаи вазнини ҷангиро пинҳонӣ ҷамъ оварда, бо бесарнишинҳо дар навоҳии ҶТ, аз ҷумла болои қисмҳои низомӣ парвозҳо анҷом дода истодааст.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз паёмади чунин моҷароҷӯӣ ҳушдор дод.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19 ва 20 сентябр парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар фазои шаҳри Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Тоҷикистон сабт гардидаст. Т
Тирпарронии марзӣ хонаро харобу тӯйро ба таъхир андохт: нақли домодшаванда – видео
Таъкид шудааст, ки ҳамчунин бесарнишинҳои Қирғизистон аз болои дидбонгоҳҳои марзии "Сарҳадчӣ" ва "Ширинчашма" дар ноҳияи Лахш, "Росровут" ва "Муряк" дар ноҳияи Деваштич ва қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон парвозҳо анҷом додаанд.
ВУХ Тоҷикистон афзудааст, ки ҳамчунин ҷониби Қирғизистон фиребкорӣ намуда, пас гардондани техникаи ҷангии вазнинро вонамуд мекунад, аммо дар асл ин навъи силоҳро дар навоҳии марзии Лайлаку Чон-Олой нигоҳ дошта истодааст.
Аз ҷумла аз пинҳон намудани 4 техникаи вазнин - БТР, БМП, БРДМ ва Дастгоҳи зеннитии 22 мм дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи Лахш, 12 адад техникаи вазнин дар наздикии маҳалли аҳолинишини А.Лоҳутии шаҳри Конибодом хабар дода шудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳамдардии Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо аз ҳамлаи нерӯҳои қирғиз дар марз
Инчунин таъкид гардидааст, ки дар фосилаи кам аз дидбонгоҳи сарҳадии "Нуробод" дар ноҳияи Деваштич ҳузури нерӯҳои таъйиноти махсуси Қирғизистон дар ҳайати 70 нафар сабт гардидаст.
Ҷониби Тоҷикистон Қирғизистон ба риояи қатъии санадҳои имзошуда даъват намуда, ҳушдор додаст, ки дар акси ҳол ин иқдом чун омодагӣ ба таҷовузкории навбатии ҶҚ арзёбӣ хоҳанд шуд. Паёмади чунин моҷароҷӯӣ ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд, таъкид намуд ВУХ Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.