ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Қарорҳое, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёми худ ба ҳамватанон изҳор дошт, ба таъмини ҳифзи амнияти кишвар ва дастгирии иродаи ҳамватанон барои муайян кардани сарнавишти худ нигаронида шудааст, гуфт Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
Чанде пеш Владимир Путин, кишвардори Русия ба русҳо дар бораи авзоъ дар Донбасс ва ҷараёни амалиёти вижа муроҷиат кард.
Вай дар муроҷиаташ изҳор дошт, ки Русия аз ҳамапурсии вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Запороже ва Херсон пуштибонӣ хоҳад кард ва дар Русия басиҷшавии нисбӣ эълон намуда, онро тасмими комилан мувофиқ ба таҳдидҳои кунунӣ номид.
Патрушев дар мулоқот бо котиби давлатии Шӯрои амнияти Беларус Александр Волфович гуфт: "Мо дар бораи ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзии Русия, дар бораи дастгирии хоҳиш ва иродаи ҳамватанони мо барои муайян кардани сарнавишти худамон сӯҳбат мекунем".
“Ман итминон дорам, ки ҳукуматҳо ва халқҳои мустақил ва албатта мардуми Беларус дар ин кор моро дастгирӣ мекунанд”, - афзуд Патрушев.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.