Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ҷонибдорӣ аз раъйпурсиҳо дар Донбасс: навори комили муроҷиати Путин ба русиягиҳо - видео

Раисҷумҳури Русия дар пасманзари хабарҳо дар мавриди раъйпурсӣ барои пайвастани Донбассу вилоёти Херсону Запароже ба мардум муроҷиат мекунад
Sputnik
Ҷонибдорӣ аз раъйпурсии мардуми Донбасс, вилоятҳои Херсону Запороже, азми Ғарб барои таҷзияи ФР ва эълони сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар аз мавзуъҳои меҳварии муроҷиати раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба мардумаш буд.
Ӯ зимни муроҷиат ба русиягиҳо изҳор дошт, ки фармон барои сафарбарсозии қисмӣ имзо шуда, аллакай аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин азми мардуми Донбасс, Херсон ва Запрожеро барои муайян кардани ояндаашон ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки ФР амнияти баргузории раъйпурсиро таъмин хоҳад кард.
Шойгу теъдоди талафоти Русия ва Украинаро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки ҳамапурсӣ дар ин минтақа аз 23 то 27 сентябри соли равон баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Дар доираи амалиёт то ҳол инчунин вилояти Херсон ва қисман Запороже озод гардидаанд.