Миронов: Режими Зеленский нобуд карда мешавад

Раҳбари ҳизби “Русияи одил” мегӯяд, ки баъд аз ба Русия пайвастани минтақаҳои нав режими Владимир Зеленский дар Украина нобуд карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Пас аз ҳамапурсӣ дар бораи пайвастани Донбасс ва қаламравҳои озодшуда ба ҳайати Русия режими Владимир Зеленский аз байн бурда мешавад, гуфт ба хабарнигорон Сергей Миронов, раҳбари ҳизби "Русияи одил - барои ҳақиқат".
"Мо аз тасмими раисиҷумҳури худ ҷонибдорӣ мекунем. Ман қаблан гуфта будам, ки дар ояндаи наздик амалиёти вижаи низомӣ метавонад ба як амалиёти зиддитеррористӣ табдил ёбад. Пас аз баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди эътирофи қаламравҳои озодшуда ҳамчун ҷузъи Русия ҳама чиз ҳамин гуна хоҳад буд. Режими Зеленский бояд ва нобуд хоҳд шуд", - гуфт ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҷонибдорӣ аз раъйпурсиҳо дар Донбасс: навори комили муроҷиати Путин ба русиягиҳо - видео
Вакили парлумони Русия гуфт, нақшаҳои Лаҳистон ва Маҷористон барои тақсими Украина мушкили худи режими Зеленский хоҳад буд. Ба гуфтаи Миронов, вазифаи Русия озод кардани кишвари ҳамсоя аз фашистон аст.
“Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба бародаронамон барои пурра озод кардани хоки Украина аз фашистон ёрӣ расонем”, — гуфт Миронов.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Фармони раисҷумҳури Русия дар бораи сафарбарсозии қисмӣ дар кишвар имзо шуда, аз 21 сентябр мавриди амал қарор мегирад.
Владимир Путин дар муроҷиаташ ба мардум гуфт, дар доираи сафарбарсозӣ шаҳрвандоне ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, ки дар нерӯҳои захиравӣ қарор доранду аз хидмати ҳарбӣ гузашта, малакаю таҷриба дорад.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, афроде, ки дар доираи сафарбарсозӣ ҷалб мегарданд, аз тамоми мақому имтиёзҳое бархӯрдор хоҳад буд, ки хизматчиён аз тариқи шартнома доранд.
Шойгу теъдоди талафоти Русия ва Украинаро гуфт
Вай зарурати ин иқдомро ба таъмини амнияти ватану шаҳрвандон рабт дода, афзуд, ки феълан алайҳи ғарб мубориза рафта истодааст. Ӯ аз ҷумла таъминоти Украинаро бо аслиҳаи муосир зикр карда, таъкид намуд, ки бо тамоми васоил маълумоти истихборотиро ҷамъ меоранду пешниҳод мекунанд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.