Муҳаммадҷон Болтуев, сокини ҷамоати наздимарзии Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, бо шурӯи тирпарронии марзии субҳи рӯзи 16 сентябр водор шуд, ҳамроҳ бо модараш ба минтақаи амн, ба хонаи пайвандонашон раванд.
Баъди чанд соати хомӯш шудани тирпарронӣ онҳо ба хонашон воқеъ дар ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар марз бо деҳоти Мақсади ноҳияи Лайлак баргаштанд, аммо диданд, ки чи гуна аз тирборон дарвозаву девор ва тирезаҳои хонаҳои онҳоро шикаста ба онҳо зарари зиёди молӣ расонидааст.
Болтуев мегуяд ин дар ҳолест, ки онҳо чанд вақт ба ин тараф, барои туй омодагӣ медидиданду рӯзҳои наздик ба ин хонааш барои худаш келин меовард.