Ҳушдор аз хатари истифодаи изи ангушт дар телефонҳои ҳушманд

Коршиноси умури ҷиноёти рақамӣ аз пайомадҳои нохушоянди кор бурдани изи ангушт барои фаъолу масдудсозии телефонҳои ҳушманд суҳбат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Масдуду фаъолсозии телефонҳои ҳушманд бо изи ангушт дараҷаи муҳофизатии дастгоҳро коҳиш медиҳад.
Ин нуктаро мутахассиси "Group-IB" дар бахши ҷиноёти рақамӣ Игор Михайлов дар суҳбат бо хабаргузории "Прайм" баён дошта, ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки ин кор чӣ пайомади нохушоянд дошта метавонад.
Дар феҳрасти таҳдидҳо Михайлов изҳор дошт, ки аз тариқи телефонҳои ҳушманд изи ангушт имкон дорад, ки нусхабардорӣ шавад.
Афзоиши даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон
"Дар баробари ин имкон дорад, ки дастгоҳи мобилӣ бо истифода аз изи ангушти афроди бегона фаъол гардонда шавад, махсусан ин кор имкон дорад, ки дар телефонҳои дорои сенсорҳои куҳна амалӣ гардад", - таъкид намуд коршинос.
Ӯ ба соҳибони телефонҳои мобилӣ маслиҳат дод, ки вуруд бо истифода аз изи ангуштро бекор кунанду танҳо корбарӣ аз хадамоти пин-кодро фаъол боқӣ гузоранд.
Дар мавриди он ки кадом роҳ муътамадтарин барои истифодаи бехатари телефон аст, Михайлов калидвожаро маслиҳат додаст. Ба гуфтаи ӯ, маҳз истифодаи калидвожа роҳи бехатартарини фаъолу масдудсозии телефонҳои ҳушманд мебошад.