Киҳо соҳиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо шуданд?

Барандаҳои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 40 ҳазор сомонӣ, медали нуқра 20 ҳазор сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 10 ҳазор сомонӣ мукофот гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ғолибони 9-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти кишварро эълон кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа варзишгарон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва Эрон дар 5 вазн миёни писарон ва 2 вазн миёни бонувон зӯрозмоӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки дар 6 вазн паҳлавонони тоҷик ва дар як вазн варзишгари Қазоқистон ғолиб гардид.
Дар сабқат миёни бонувон дар вазни 57 кило Шоҳида Қаландарова аз Тоҷикистон пирӯз шуда, ҷойҳои ду ва серо Аҳлия Муминова ва Фазилат Гулбоева гирифтаанд.
Барандаи ҷойи аввал дар вазни то 63 кило Мавлуда Одинаева, мақоми дуюм Ҷонона Назарова ва сеюм Рӯзафзун Бекназарова шудаанд.
Нахустин тоҷик дар UFC: Дана Уайт Алиевро узви созмонаш эълон кард
Зӯрозмоӣ миёни мардон дар вазни то 66 кило бо пирӯзии Муллораҷаб Халифаев аз Тоҷикистон анҷом ёфта, дар пайи ӯ Обид Ҷебоев аз Русия ва Дилшодбек Юлдошеву Артём Штурбабин аз Ӯзбекистон қарор гирифтаанд.
Ҳамин тариқ ғолиби сабқат дар вазни то 81 кило Ҳамроз Раҷабов шудаст. Мақоми дуюмро Меҳдӣ Фатҳӣ аз Эрон, ҷойҳои сеюмро - Рамазон Аллабердиев аз Ӯзбекистон ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон гирифтаанд.
Дар вазни то 90 кило Ҳақназар Назаров аз Тоҷикистон пирӯз шуда, барандаи зӯрозмоӣ то 100 кило Бекарис Садукас аз Қазоқистон гардидаст.
Мансур Раҳмон, паҳлавони тоҷик дар вазни беш аз 100 кило Ҷоми президентро соҳиб шуда, мақоми дуюмро Фарзин Ҳусейнов ва сеюмро Жамбул Тургуналиев аз Қазоқистон гирифтааст.
Кумитаи миллии олимпӣ таъкид намудаст, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ барои ҷои аввал 40 ҳазор сомонӣ, барандагони медали нуқра 20 ҳазор сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.