Барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Кооперативии Гайяна

Вазорати умури хориҷии кишвар аз барқарории равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Кооперативии Гайяна хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи умумии СММ маросими имзои Баёнияи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кооперативии Гайяна доир гардид, иттилоъ додааст "телеграм-канал"-и Вазорати корҳои хориҷӣ.
Таъкид шудааст, ки баёнияи муштаракро Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хоричӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Кооперативии Гайяна Хю Хилтон Тодд ба имзо расониданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ инчунин аҳаммияти рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Гайянаро таъкид карданд.
Вокуниши Вазорати хориҷа ба изҳороти дабири кулли Созмони ҳамкории кишварҳои туркзабон
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои вазорати хориҷа, то якуми июли соли равон шумораи кишварҳое, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, ба 179 — то расидааст.
Вазорати хориҷа бар он аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёр­ҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ двр ҳоли густариш ёфтан қарор доранд.