ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати муваққати Афғонистон дар нишасти ҳимоят аз санъатгарон ва тавлидкунандаҳо дар Кобул бо баёни ин ки сарони толибон монанди мақомҳои пешин ҳукумат нестанд, ки зӯргӯӣ ва амволи шаҳрвандонро ғасб кунанд, гуфт, мақомҳои пешини низоми ҷумҳурият беш аз 60 миллиард афғонӣ ихтилос кардаанд.
Ҳанафии афзуд, ки дар ҳукуматҳои гузаштаи 70 дарсади буҷети миллӣ аз сӯйи хориҷиҳо таъмин мешуд ва танҳо 30 дарсад аз оидоти дохилӣ буд.
Вай илова кард, ки акнун пардохти тамоми ҳуқуқи кормандони давлатӣ аз оидоти дохили кишвар сурат мегирад ва тамоми пулҳои дарёфтӣ шаҳрвандон аз тариқи молиёт барои пешрафти кишвар ба масраф мерасад.
Муовини раиси кабинаи толибон изҳор кард, ки бо пардохт молиёт метавонем бидуни кумаки кишварҳои хориҷӣ, Афғонистонро ба худкифоӣ бирасонем ва ҳамаи ниёзмандиҳои худро бартараф кунем.
Ин дар ҳолеаст, ки барои аввалин бор дар 20 соли гузаштаи буҷети миллӣ аз оидоти дохилии Афғонистон дар ҳукумати толибони тадвин шудааст.