ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором, бидуни танишу ташаннуҷ гузашт. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон мақомоти вилояти Суғд ва сокинони наздимарзӣ аз шаҳри Исфараю ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.
Истиқоматкунандаҳои ин минтақаҳо, ки ахиран шоҳиди даргирии шадиди пурқурбонӣ буданд, изҳор медоранд, ки шаб садои тире шунида нашуд.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ таъйид кардааст, ки ҳодисае дар марз бо Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Таъкид гардидаст, ки ба ҳолати 8:30-и вақти маҳаллӣ вазъият дар марзи вилоятҳои Ош ва Бодканд муътадил арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол зикр шудаст, ки хизмати низомиён дар марз бо реҷаи пурзӯр идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки шоми 19 сентябр роҳбарони мақомоти амниятии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймуъмин Ятимов ва Қамчинбек Тошиев протокол ба имзо расонданд.
Бар асоси ин санад, ҷонибҳо муваззаф гардидаанд, қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбиро ба маҳалли доимии худ баргардонанду амнияти сокинонро таъмин намоянд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух дод, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.