ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон маълумот дод.
"Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Қосим-ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ бо ирсоли паёми ҳамдардӣ ба роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон аз талафоти ҷонӣ дар марз изҳори андуҳ кард.
"Қазоқистон қотеона ҷонибдори ҳалли ҳамаи масоили баҳсӣ аз тариқи сиёсӣ-дипломатӣ мебошад", - изҳор дошт Тоқаев.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.