ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Таваҷҷуҳи беш аз пеш ба Созмони Ҳамкории Шанхай далели густурда шудани сиёсати бисёрмеҳварӣ дар ҷаҳон аст.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни маросими супоридани эътимодномаҳои сафирони хориҷӣ баён дошт.
"Ҳаракат ба сӯи ҷаҳони бисёрқутбӣ самти асосӣ ва стратегии сиёсати ҷаҳонӣ мебошад, ки ин далел дар нишасти ахири сарони СҲШ дар Самарқанд тасдиқ карда шуд", - гуфт Путин.
Ӯ зикр намуд, ки ин бузургтарин сохтори минтақавии ҷаҳон аст, ки дар он зиёда аз нисфи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанду чоряки маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ тавлид меёбад.
Ба гуфтаи Путин, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай кишварҳоеро фаро мегирад, ки муътақиданд, ҷаҳони муосир бояд бисёрмеҳварӣ бошад, ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ такя мекунад, дар он амнияти баробар ва тақсимнашаванда, ҳамкории мутақобила, эҳтироми тарафайн таъмин бошад.
Раисҷумҳури Русия нақши СММ-ро дар ҷаҳони бисёрмеҳварӣ нақши марказии ҳамоҳангсозӣ муҳим хонд.
Ӯ афзуд, ки чунин бархӯрд ҷонибдорони бештареро ҷалб карда истодааст ва афзоиши таваҷҷуҳ ба кори СҲШ далели он мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи ахири СҲШ Эрон ёддошти тафоҳум барои узвият дар созмонро имзо карда, раванди пайвастшавии Белорус оғоз гардид.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.