Нақли падари сартабиби кушташуда дар муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон – видео

Дар муноқишаи марзии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо сокин куштаву захмӣ гардид. Миёни онҳо табибоне низ буданд
Sputnik
Шарифҷон, падари Солеҳҷон Раҳимов, сартабиби беморхонаи минтақавии ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, баъд аз зуҳри 16 сентябр писраш ба хона омаду саросемавор боз ба кораш рафт, вале бо ҳамин дигар ба хона барнагашт.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки писараш Солеҳҷон дар роҳ аз зарби тири марзбонони қирғиз кушта шуд.
Вокуниши Вазорати хориҷа ба изҳороти Дабири куллии Созмони ҳамкории кишварҳои туркзабон
“Соатҳои 14 и баъд аз зуҳр буд, ки Солеҳҷон ҳамроҳ бо ҳамкораш Набиҷон барои табобати захмиён ба Беморхона равон шуданд. Аммо дар роҳ тир гардани Набиҷонро чок карда ба пешонии Солеҳҷон задааст, дар натиҷа ҳар ду баъди чанд лаҳза ба шаҳодат расиданд” - бо ҳасрат нақл намуд, падари табиби марҳум.
Ҳоло падару ҳамсари табиб, сокинони ҷамоати Овчи Қалъача аз марги нобаҳангоми ин узви хонадон мотамзада шудаанд.
Нигора Раҳимова, ҳамсари Солеҷон мегуяд, шавҳараш 45 сол дошт ва беш аз бист сол бо касби шифокорӣ ба мардуми наздимарзии деҳоти Овчи Қалъача хизмат мекард.