Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамдардии Раҳмон ба наздикони кушташудаҳо аз ҳамлаи нерӯҳои қирғиз дар марз

Ҳамдардии раисҷумҳури Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбониёни даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон раиси вилояти Суғд расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои фотиҳахонӣ ба хонаи қурбониёни ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият карда, ба онҳо сабри ҷамил хост.
Манбаъ зикр намудаст, дар ҷараёни амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи "Байрактар ТБ2" ва системаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ҳалокати сокинони осоишта гардид.
Раҳмон ба Мирзиёев аз вазъ дар марз иттилоъ дод
Қаблан мақомоти тоҷик хабар доданд, ки бар асари зарба ба мактаби миёнаи рақами 8-и ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 сокини мулкӣ ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин таъкид гардид, ки дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар масҷиди ҷамоати мазкур 12 нафар кушта шуда, 20 сокини мулкӣ маҷруҳ гардидаанд, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд.
Дар маҷмуъ ҷониби Тоҷикистон теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғозу шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.