ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Туркия барои иштирокаш дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пеши Иттиҳоди Аврупо ҳисобот намедиҳад.
Ин нуктаро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, зимни мусоҳиба бо расонаҳо баён дошт. Ӯ ахиран дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд иштирок карда, инчунин аз азми Туркия барои узвият дар ин созмон хабар дод.
Дар пасманзари ин эълон бархе аз мақомдорони аврупоӣ, аз ҷумла узви парлумони Олмон эълон доштанд, ки азми Анқара барои узвият дар СҲШ набояд бидуни посух аз сӯи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО гузошта шавад.
Дар ҳоле, ки чигунагии посухи ИА маълум нест, Эрдуғон фавран вокуниш карду аламҳои нимасрааш аз ин иттиҳодро хотиррасон намуд.
"Иттиҳоди Аврупо моро 52 сол бозмедорад, наздикшавӣ намемонад ва баъдан суол мегузорад: Чаро бо ин ё он кишвар мулоқот кардед? Ман гуфтушунидҳоро анҷом медиҳам. Феълан мо ба Иттиҳоди Аврупо ҳисоботдиҳанда нестем", - гуфт Эрдуғон.
Вай таъкид намуд, ки бо роҳбарони кишварҳои гуногун мулоқот мекунад, аз ҷумла бо роҳбари Чин, Си Ҷинпин ва президенти Русия, Владимир Путин.
Маврид ба зикр аст, ки Эрдуғон қабл аз сафараш ба Самарқанд барои иштирок дар ҷаласаи СҲШ изҳор дошта буд, ки аз тариқи чунин ҳамоишҳо ҳайати кишвар ба ҷустуҷӯи роҳҳои рушди ҳуқуқу манфиатҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ машғул хоҳад шуд.