Тоҷикистон аз ҷаҳониён хост, ба муноқиша дар марз баҳои одилона диҳанд

Мақомот аз созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, ки вазъи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро холисона арзёбӣ кунанд ва баҳои одилона диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раҳбарияти вилояти Суғд аз созмонҳои байналмилалӣ даъват кардааст, ки ба муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баҳои воқеӣ диҳанд, хабар медиҳад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ.
Мақомоти Суғд тақозо доранд, ки ба аксҳои ҳуҷҷатии даргириҳо аз ҷониби коршиносони минтақавӣ ва байналмилалӣ бодиққат назорат шавад ва ба таблиғоти якҷониба дода нашаванд.
Дар бораи чӣ гуна зарар расонидан ба Тоҷикистон, наворҳо аз ҷойи ҳодиса сухан мегӯянд. Дар натичаи таҷовузи мусаллаҳонаи низомиёни қирғиз дар Исфара иншоотҳои гуногун хароб гардиданд. Аз чумла хонаҳои шаҳрвандон.
"Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби сохторҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки шумори дақиқи иншооти харобшударо муайян мекунад", - омадааст дар хабар.
Ҳама аксҳо аз минтақаи марзӣ нишон медиҳанд, ки давлати ҳамсоя алайҳи мардуми осоишта аз силоҳи сангин истифода кардааст. Якчанд ҳамлаҳои оташзанӣ ба вуқӯъ пайваст.
Гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми хисорот дар ҷараёни даргирии марзӣ дар шимоли Тоҷикистон эълон мешавад.
Вокуниши Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҳамлаи паҳподии Қирғизистон ба масҷид
Даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.
Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 35 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.