ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод мутахассиси КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро ин бор дар шаҳри Душанберо боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, корманди ин ниҳод Ҷ.С. бо иттиҳоми сӯистифодаи мансаб ва содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ дастгир шуд.
Гуфта мешавад, ӯ дар вазифаи мутахассиси шуъбаи №1 Раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръӣ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе кор карда, аз як нафар бо баҳонаи омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидории хонаи истиқоматӣ дар ду ҳолат маблағи 1000 доллари ИМА ва 3900 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсияш истифода кардааст.
Бинобар ин нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун ироа нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошти корманди ин ниҳод нест. Оҷонсӣ тайи ним сол бештар аз ҳама аз боздошти кормандони ин ниҳод хабар додааст.
Қаблан ин ниҳод аксаран бо иттиҳоми ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши замин кормандон ва ҳатто роҳбарони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру навоҳии Ваҳдат, Варзоб, Ҷайҳун, Вахш, Дӯстӣ, Б.Ғафуров, шаҳри Ҳисор ва ғайраро боздошт карда буд.